Дар Тоҷикистон 556 ҳазору 740 бознишаста сабти ном шудааст. Ин рақам бидуни нафақахӯронест, ки фаъолият мекунанд.
Тамоми бознишастаҳо аз аввали соли равон то моҳи апрел пура ба нафақа таъмин шуданд, -мегӯяд Раҷабалӣ Дамонов, директори Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ. Ба қавли номбурда дар семоҳаи якуми соли равон нақшаи андози иҷтимоии Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба маблағи 282 миллиону 261,2 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд ва барзиёд амалӣ гардид. «Ба талаботи нафақа ва кӯмакпулиҳо то 6-уми апрели соли ҷорӣ 300 миллиону 398 ҳазор сомонӣ ташкил медод, ки пурра маблағгузорӣ гардиданд. Он аз нақшаи пешбинишуда 18 миллиону 737 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Бо назардошти хароҷоти ташкилоту корхонаҳо, нафақа ва кӯмакпулиҳо дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 301 миллиону 226,2 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ҳамчунин пурра маблағгузорӣ шудааст»,-афзуд манбаъ. Ба гуфтаи Раҷабалӣ Дамонов Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ маблағи бознишастаҳои шаҳри Душанбе, Кулоб, Қурғонтеппа, Ваҳдат, Исфара, Табошаҳр ва Норакро, ки нафақаи худро тавасути кордҳои пластикӣ мегиранд, то моҳи апрел пурра пардохтааст.