баргард чоп кардан

Қумондони саҳроӣ барои таслим шуданаш 100 доллар талаб кард

Муҳаммад Ашон, қумондони саҳроии ҳаракати «Толибон» аз мақомоти Афғонистон барои боздошташ мукофоти пулӣ талаб кардааст.

Нашрияи The Washington Post менависад, ки чанд рӯз қабл Ашон ба нуктаи назоратӣ-рухсатии музофоти Пактико омада аз миёни таблои эълони афроди ҷустуҷӯшаванда ба пулис акси худро нишон дода, 100 доллар талаб кардааст.

Кормандони пулис ӯро дастгир карда, баъдан ба ҳамтоёни амрикоии худ хабар додаанд. «Мо аз ӯ пурсидем, ки дар ҳақиқат Муҳаммад Ашон аст? Посух дод, ки бале ӯст ва илова кард, ки кай тӯҳфаи ваъдашударо метавонад бигирад?»,-гуфтааст Мэтю Бейкер, як афсари нерӯҳои Амрико.

Баъдан маълум шудааст, ки дар ҳақиқат нафари дастгиршуда Муҳаммад Ашод аст, ки дар даст доштан ба ду мавриди ҳамла ба кормандони нерӯҳои амниятии Афғонистон гумонбар мешавад.