Имрӯз, 19-уми апрел дар боздоштгоҳи № 2-и шаҳри Хуҷанд баррасии паравандаи ҷиноӣ нисбати 34 сокини ноҳияи Исфара анҷом ёфт.
Тавре ба Озодагон аз суди вилояти Суғд хабар доданд, дар курсии айбдорӣ афроди синашон аз 18 то 55 менишастанд, ки дар узвият ба иттиҳоди ҷиноии «Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон (Туркистон)» муттаҳам мешуданд.
Додгоҳ онҳоро дар содир намудани ҷиноятҳои куштор, ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, бандитизм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститусионии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, аз 8 то 28 солӣ аз озодӣ маҳрум кард.