баргард чоп кардан

Зӯрозмоиҳои универсиалӣ ба Тоҷикистон низ роҳ ёфт

Имрӯз, 20-уми апрел нахусти маротиба дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар намуди зӯрозмоиҳои универсиалӣ баргузор мегардад.

Сабқати мазкур барои варзишгарони тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ доир карда мешавад. Мақсад аз баргузории мусобиқа тарғиби тарзи ҳайёти солим ва пайдо намудани чеҳраҳои лаёқатманд дар ин намуди варзиш ба ҳисоб меравад. Зӯрозмоиҳои универсиалӣ намуди нави варзиш дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, наврасону ҷавонони тоҷик ба он ҷалб карда мешаванад.

Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпӣ ба хабаргузории Озодагон гуфт, аз 19 то 26-уми апрели соли равон дар шаҳри Душанбе машғулиятҳои бозомӯзии ҳамбастагии олимпӣ доир мегардад. Феълан, бо мақсади такмили таҷрибаи мураббиён аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ намояндагони ин намуди варзиш даъват гардидааст. Машғулиятҳоро эксперти байналималӣ аз Академияи гандболи ҷаҳонӣ, намояндаи Норвегия Игор Шестаков ба таври назариявӣ ва амалӣ роҳбаладӣ мекунад.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи гандболи Тоҷикистон доир мешавад.