баргард чоп кардан

«Шоҳнома» ва Нозияи Кароматулло дар Санкт-Петербург

Ҳайати фарҳангии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербург рафт.

Тибқи иттилои хабарнигори «Озодагон», баъди анҷоми муваффақонаи намоиши рассомону суратгирон, баромади ҳунармандон ва пешниҳоди намоишномаи «Рустам ва Сӯҳроб» дар Маскав  гурӯҳи фарҳангии «Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Маскав» барои муаррифии фарҳанги милливу асили тоҷик ба пойтахти шимолии ин кишвар шаҳри Санкт-Петербург сафар карданд.

Маврид ба ёдоварист, дар рӯзи дуввуми ин ҷашнвора дар назди ҳозирин муовини вазири фарҳанги Федератсияи Русия Константин Черениников ва муовини авали вазири фарҳанги Точикистон Миралӣ Достиев сухан карда, ҳамкориҳои фарҳангии ду кишварро бориз хонданд. Миралӣ Достиев, ҳамчунин ёдовар гардид, ки расо 70 сол мукаддам моҳи майи соли 1941 чунин як ҷашнвораи «Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Федератсияи Русия" баргузор шуда будааст. Ҳамчунин мавсуф омодагӣ ва қисмати фаъолонаи ташкили ин чорабиниро аз сӯи масъулини ҳукумати Русия эҳтиром ба миллати тоҷик арзёбӣ кард.

Намоиши ҳунармандони санъати мусиқии тоҷик дар Театри хурди академии Маскав бо ширкати чеҳраҳои саршиноси санъати овозхонӣ ва раққосии тоҷик аз қабили Саидқул Билолов, Нуралӣ Шерматов, Таҳмина Ниёзӣ, Шарофат Усмонова, Бахтиёр Иброҳимов, Нозияи Кароматулло, Саъдии Бӯризод ва дастаи рақсии «Гулрез»  ва чанде дигарон доир гардида, ширкатдорон тавонистанд санъату фарҳанги тоҷикро барои мардуми рус ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Маскав муаррифӣ намоянд.

Ҳамчунин, дар рӯзи сеюм намойишномаи «Рустам ва Сӯҳроб» аз рӯи асари В.А Жуковский бар асоси «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аз сӯи ҳунармандони театри академӣ-драмавии ба номи Маяковскии Душанбе пешкаши тамошогарон ва баҳои сазоворро соҳиб шуд.

Ҳамакнун, «Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон» 2 рӯзи дигар дар Санкт- Петербург идома хоҳад кард.