Олланд ва Саркозӣ дар даври дуюм рақобат мекунанд
Номзад аз ҳизби сотсиалистӣ Франсуа Олланд ва президенти вақти Фаронса Николя Саркозӣ ба даври дуюми интихоботи президентӣ роҳхат гирифтанд.
Интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Фаронса рӯзи 22-юми апрел баргузор шуд. Тибқи хабарҳои расида, Франсуа Олланд аз 28, 4 то 29, 3 ва Николя Саркозӣ аз 22, 5 то 27 дар сади райъи овоздиҳандаҳоро соҳиб шудаанд. Марин Ле Пен бо 18 то 20 фоизи овози интихобкунандаҳо дар ҷойи сеюм қарор гирифтааст.
Даври дуввуми интихоботи президентии Фаронса 6-уми май доир хоҳад гашт. Натиҷаи назарпурсиҳо нишон медиҳад, ки муддаии курсии президентӣ аз ҳизби сотсиалистӣ Франсуа Олланд нисбат ба Николя Саркозӣ, президенти вақти Фаронса, маҳбубияти бештар дорад.