Садамаи нақлиётӣ ҷони панҷ нафарро гирифт
Се сониҳаи нақлиётӣ дар роҳҳои ҷумҳурӣ панҷ нафарро кушта ва панҷ тани дигарро захмӣ кард.
Тибқи иттилои РБДА шаби 21-уми апрел тахминан соати 22:30 ронандаи сабукрави «Нексия» Абдуллои Хайруллои 22 сола, аснои ҳаракат ба кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе, аз ӯҳдаи идораи атомашина набаромада ба дарахти канори рости роҳ бармехӯрад. Дар натиҷа худи ронанда ва мусофираш Фирдавс Холматови 20 сола дар ҷойи ҳалокат ба ҳалокат мерасанд. Мусофирони дигар, Фидавси Бобохони 19 сола, Шаҳбоз Тураеви 19 сола, Мунис Шуришови 19 сола ва Хурам Назарови 16 сола бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба касалхона мунтақил шудаанд.
Соати 00:30-и шаби гузашта сарнишини мошини «ДЭУ-Сиело» Абдулло Ҷобирови 25 сола ҳангоми ҳаракат ба кӯчаи Неъмат Қарабоев идораи автомашинаро аз даст дода, ба симчуби канори рости роҳ бармехӯрад. Бар асари ин ҳодиса Абулло Ҷобиров ҷони худро аз даст медиҳад. Мусофири ӯ Комил Сангинови 25 сола захмӣ мешавад.
Ҳамчунин, ба иттилои манбаъ, шаби 22-юми апрел тахминан соати 22:00 ронандаимошини тамғаи «Мусо» Исҳоқбой Бекови 37 сола аснои ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар ҳудуди деҳаи Куланбошии ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи «Хова», ки ба Одилхуҷа Поччохуҷаеви 28 сола таалуқ дошт, бармехӯрад. Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи «Мусо» Исҳоқбой Беков ва мусофири ӯ Ҷасурбек Бобоҷонови 35 сола ҷони худро аз даст медиҳанд.