Ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ: Маош 1380 сомонӣ
Субҳи рӯзи 27-уми апрел дар даромадгоҳи «Боғи фарҳанги»-и шаҳри Турсунзода ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ баргузор мешавад.
Тавре ба Озодагон аз вазорати меҳнат хабар доданд, дар ярмарка зиёда аз 32 корхонаву ташкилот 500 ҷойи кори холиро пешниҳод хоҳанд кард. «Ин корхонаҳо хоҳишмандонро бо музди меҳнати аз 200 то 1380 сомонӣ ба кор даъват мекунанд. Нафаронеро, ки ягон тахассус надошта, хоҳиши омӯхтани касбу ҳунар доранд, ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ роҳхат мегиранд»,-афзуд манбаъ.