баргард чоп кардан

Сел дар шимоли кишвар боиси марги як ҷавони 20 сола гардид

Бар асари боришоти зиёд ва омадани сел як сокини шаҳри Панҷакент ба ҳалокат расид.

Тавре ба Озодагон аз РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, ин ҳодиса дар мавзуи Сойи Қубури ҷамоати Косатарош ба вуқӯъ пайвастааст.

 

Ба иттилои манбаъ Ҷовид Хуҷамов дар ҳоле миёни селоба монда ҳалок шудааст, ки барои раҳонидани чорвои дар миёнаи селбуда талош кардааст. Хуҷамов ба сифати чупон молҳои сокинони деҳаи Ҷонбулоқро мепоидааст. Ҷасади чупони 20 соларо аз соҳили Сойи Қубур пайдо кардаанд. Сарчашмаи хабар гуфт, сел ҳамчунин 10 сар чорвои калони шохдор ва 55 сар моли майдаро ҳам ба ком кашидааст.