баргард чоп кардан

2011-05-04 12:13

Се ҳамватанони муҳоҷири мо дар Маскав ҳадафи тир қарор гирифта, ду тани онҳо қурбони фоҷиа гардиданд.

Тавре хабарнигори «Озодагон» аз пойтахти Русия иттилоъ медиҳад, шоми 3 ба 4-уми май 3 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористони рақами 36-и Маскав интиқол дода шудаанд. Маълум мегардад, ки ин 3 нафар дар натиҷаи занозанӣ бо миллатгароёни рус аз таппончаи Макаров ва силоҳи зарбдиҳанда ярадор шудаанд. Якеаш зимни ҷарроҳӣ дар ҳамин беморхона, дигарӣ дар дамонгоҳи осебшиносӣ дар Гулгашти Сиреневий фавтида, нафари саввум дар ҳолати вазнин карор дорад.Онҳое, ки ин ҷароҳатбардоштагонро ба таври алоҳидагӣ дар се автомашина ба бемористон интиқол додаанд, аз касалхона шояд бар асоси ҳароси гумонбар шуданашон дар ин ҳодиса фавран аз бемористон фирор кардаанд. Аммо кормандони бемористон арқоми давлатии автомашинаҳоро навишта гирифтаанд ва ҷустуҷӯи шоҳидон ва ё ҷинояткорони эҳтимолӣ аз сӯи пулис идома дорад.Бино ба иттилои пулиси Маскав   занозанӣ дар назди хонаи рақами 1 -и кӯчаи Амур ба миён омада, дар ҷойи ҳодиса гилзахои таппончаи Макаров ва таппончаи зарбрасон пайдо гардидааст.Ба гуфти ҷабрдидагон, ба онҳо миллатгароён ва ё худ скинҳедҳои рус  дарафтодаанд, амм пулиси Маскав аз шарҳи ин мавзӯъ то анҷоми тафтишот худдорӣ мекунад. Сабабҳои низоъ ва ҷузъиёти дигари ҳодиса таҳқиқ мешавад.