баргард чоп кардан

Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ

Фардо , 26-уми апрел рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ  дар ҷаҳон қайд мегардад.

Нӯъмон Муқумов, мудири шӯъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар Вазорати фарҳанг ба Озодагон гуфт, фардо дар вазорати фарҳанг як ҷаласаи бошукӯҳе ба хотири рӯзи моликияти зеҳнӣ баргузор карда мешавад. Рӯзи  26-уми апрел аз соли 1970 рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ дар ҷаҳон  қабул шудааст ва ин рӯз аз ҳамон давра қайд карда мешавад.

 

Рӯзи моликияти зеҳнӣ ин рӯзи эҷодкорон ихтироъкорон ва шахсоне аст, ки бо эҷоду наъвоварӣ сару кор мегиранд. Ҳар як кишварро яке аз манбаъҳои муҳими рушди ҳаёти иҷтимоӣ иқтисодӣ ва фарҳангияш  ин  рушди захираҳои моликияти зеҳниаш мебошад.

Ба гуфтаи Нӯъмон Муқумов, Тоҷикистон аз соли 1991 узви созмони байлалмилалии моликияти зеҳнӣ мебошад. Давлати мо яке аз кишварҳое аст, ки   захираи ғании инсонии зеҳнӣ дорад ва он бояд дуруст ва ҳамаҷониба истифода карда шавад. Асарҳои мо бояд бо забонҳои дигар  тарҷумаю ихтироотамон  дар кишвари худ ва берун аз он истифода  карда харидори худро пайдо намояд.