баргард чоп кардан

Рақиби «Челси» дар қисмати ниҳойии Лигаи қаҳрамонии УЕФА маълум шуд

Тими «Бавария»-и Мюнхен ба даври ниҳойии Лигаи қаҳрамонии Иттиҳоди ассосиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) роҳ ёфт.

Даври дуюми бозиҳои нимфиналӣ миёни «Бовария» ва «Реал» шоми дирӯз, 25-уми апрел дар Мадрид баргузор шуд. Ин дидор бо ҳисоби 2:1 ба нафъи мизбонҳо анҷом ёфт. Бозии аввали ин давр бо ҳамин ҳисоб ба манфиати «Бавария» хулоса шуда буд.

Дар бозии рӯзи гузашта вақти асосӣ ҳам ғолибро муайян накард. Дар задани зарбаҳои ёздаҳметра бошад, бозингарони «Бавария» маҳорати хуб нишон дода, натиҷаро 3:1 карданд.

Ёдовар мешавем, дар қисмати финалии Лигаи қаҳрамонҳо «Бавария» бо «Челси» бозӣ мекунад. «Челси»-и Лондон дар ду даври  бозиҳои ниманиҳойӣ «Барселона»-и Испанияро шикаст дод. Финали Лигаи қаҳрамонҳо 19-уми май дар Мюнхен баргузор мешавад.