баргард чоп кардан

Медведев гуфт, розӣ аст, ки раиси ҳизб шавад

Дмитрий Медведев, президенти амалкунандаи Русия розӣ шудааст, ки ҳизби «Русияи воҳид»-ро сарварӣ кунад.

«Агар чунин пешниҳод шавад, ман рад намекунам»,-гуфтааст Медведев.
Чанд рӯз қабл раиси ҳизби «Русияи воҳид» Владимир путин изҳор дошт, ки баъди ба курсии президентӣ нишастанаш аз симмати роҳбари ҳизб меравад. Путин пешниҳод кард, ки раисии «Русияи воҳид» ба Медведев дода шавад. Ҷаласаи ҳизб, ки интизор меравад номзадии райисҷумҳури феълӣ тасдиқ шавад, 26-уми май дар шаҳри Маскав баргузор мешавад.
Владимир Путин аз соли 2008 ба ин сӯ роҳбари «Русияи воҳид» буд, вале узвияти ҳизбро надошт. Соли 2011 вай аз сарварӣ кардани феҳрасти ҳизбӣ дар интихоботи Думаи давлатӣ даст кашид ва Дмитрий Медведев дар рӯйхати мазкур №1 шуд. Ҳизб дар интихоботи Дума ҳудуди 50 дар сади райъи интихобкунандаҳоро гирифт.