баргард чоп кардан

Сарвазир масъулинро муваззаф кард, ки ба 20-солагии Иҷлосияи 16-ум ҷиддӣ омодагӣ бигиранд

Имрӯз, 26-уми апрел дар ҳузури сарвазири Тоҷикистон нахустин ҷаласаи Кумитаи тадорукоти ҷашни 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ сурат пазируфт.

Ҳайати Кумитаи тадорукоти таҷлили ҷашни 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ бо қарори ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ гардида, нақшаи чорабиниҳо таҳия шудааст.
Оқил Оқилов аъзои Кумитаи тадорукот, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва ташкилоту муассисаҳои дахлдори давлатиро вазифадор кард, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ва омодагии ҳамаҷониба гузаронидани ҷашни 20-солагии Иҷлосияи 16-ум тадбирҳои зарурӣ андешида, иҷрои нишондодҳои чорабиниҳои таҳияшударо дар мӯҳлатҳои муайяншуда таъмин намоянд.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар саросари ҷумҳурӣ баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишию оммавӣ, ташкили нишасту конфронсҳои илмӣ, таҳияи китобу асарҳо ва намоиши аксу мусаввараҳо дар назар дошта шуда, сохтмону навсозӣ ва тармиму таҷдиди 260 иншооти гуногуни ҷашнӣ пешбинӣ шудааст.