баргард чоп кардан

«Патрули сабз»-и ҳукумати Душанбе

Дар Душанбе рӯзи байналмилаии ҳифзи муҳити зист таҷлил мегардад. Шафкат Саидов, сухангӯи ҳукумати пойтахт дар робита ба ин масъала гуфт, феълан як қарори марбута аз сӯи райиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев ба имзо расидааст.

Тибқи ин санад, рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист 5-уми июни соли равон дар назди бинои  Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев доир мегарадад.

Дар назар аст, ки имрӯз конференсияи илмӣ-амалӣ дар доираи амалиёти даҳсолаи об барои ҳаёт таҳти унвони «Об-мӯъҷизаи табиат» сурат бигирад.Дар донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои пойтахт бошад, сӯҳбату муколама ва ҳамойишҳои марбути мавзӯъ ба нақша гирифта шуда, ин чорабиниҳо то 5-уми июн  идома мекунанд. Ташкил ва ба намоиш гузоштани «Гӯшаҳои табиат», расмҳо дар мавзӯҳои экологӣ ва таъмини фаъолони гурӯҳи «Патрули сабз» дар чорабинӣ аз тасмими дигари шаҳрдорӣ аст.

Ёдрас менамоем, ҷаласаи 27-уми Ассамблеяи Генералии СММ  16-уми декабри соли 1972 қарореро ба тасвиб расонид, ки тибқи он  ҳамасола 5-уми июн ҳамчун рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист таҷлил мегардад.