баргард чоп кардан

«Истиқлол» боз як ҳарифашро мағлуб карда натавонист

«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода тими ССКА «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Ин дидор дар доираи даври чоруми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Турсунзода сурат гирифт. Дар дақиқаи якуми нимаи дуюми бозӣ, Баҳодур Шарифов аз имконияти хуби голзанӣ истифода бурда, аз ҷаримагоҳ тубро вориди дарвозаи ҳариф кард. Голи дуюмро Виктор Лиховидко, легионери укроинӣ дар дақиқаи 73-юм ба ҳадаф расонид.

Дар бозии дигари ин давр «Истиқлол» ва «Энергетик» дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахт қувваозмоӣ карданд. Бозӣ мусовӣ- 1:1 анҷом ёфт. Шодибек Ғаффоров, ҳамлагари «Энергетик» дар дақиқаи 11-ум ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Иброҳим Рабимов, нимҳимоятгари «Истиқлол» дар дақиқаи 84-ум ба нишон расонд.

Бозии охирини давраи чорум миёни «Истаравшан»-и Истаравшан ва «Гвардия»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 ба нафъи «Истаравшан» анҷом ёфт. Голи ягонаро дар нимаи аввали дидор ҳамлагари даста Зокир Бердиқулов ба ҳадаф расонд.