Ситоди қаблазинтихоботии Барак Обама шиори интихоботии президенти амалкунандаи Амрикоро муаррифӣ кард.
Шиори «Ба пеш» дар навори таблиғие рӯзи 30-юми апрел садо дод. Видеои таблиғӣ, ки ҳафт дақиқа идома ёфт, бо нақл аз вазъи сангини иқтисоди ИМА дар соли 2008, замоне ки Обама нав президент интихоб шуд, оғоз меёбад. Баъдан, аз пешрафтҳои маъмурияти Обама қисса мешавад, аз рушди иқтисод, хотимаи ҷанг дар Ироқ ва маҳви Усома бин Лоден. Дар поёни навор матне пайдо мешавад, ки боз корҳои зиёде бояд анҷом шавад. Дар ниҳоят ибораи «Ба пеш».
Ситоди қаблазинтихоботии Обама гуфтааст, ки навори мазкурро дар маъракаҳои таблиғии президент намоиш хоҳанд дод. Маъракаи таблиғии Обама рӯзи 5-уми май дар иёлаҳои Огайо ва Вирҷиния баргузор мешавад.