баргард чоп кардан

Сердюков: Созишнома оиди пойгоҳи 201 –ум дар дастгоҳи президенти Тоҷикистон аст

Созишнома оиди будубоши пойгоҳи низомии 201 –и Русия дар Тоҷикистон амалан омода буда, айни ҳол барои мувофиқа дар дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон қарор дорад.

Ин нуқтаро ба хабарнигорон Анатолий Сердюков, вазири мудофиаи Русия аз қавли Шералӣ Хайруллоев, вазири мудофиаи Тоҷикистон хабар додаст.

Ба гуфтаи Сердюков, зимни вохӯрии дуҷониба, ки дар доираи ҷаласаи вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, Шералӣ Хайруллоев изҳор дошт, ки корҳо дар самти муайянсозии будубоши минбаъдаи пойгоҳи 201 –ум муназам идома дошта, дар ҳоли анҷомёбианд.

Пойгоҳи низомии 201 –ум калонтарин воҳиди низомии Русия дар хориҷи кишвар маҳсуб ёфта, айни ҳол шароити будубоши он дар Тоҷикистон барои 49 соли оянда мавриди гуфтушуниди Русияву Тоҷикистон қарор дорад.