баргард чоп кардан

Собиқадорони ҶБВ дар шимоли кишвар кӯмаки яквақта мегиранд

Раиси вилояти Суғд дар мавриди расонидани кӯмаки яквақтаи моддӣ ба муносибати 67- солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қароре тасвиб кард.

Бо мақсади ҳифзи иҷтимоии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ҷанг ҳалокгардида бо маблағи 250 сомонӣ ва шахсоне, ки дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои меҳнати шуҷоатнок бо медали «Барои меҳнати шоён дар ҶБВ» сарфароз гардидаанд, бо 200 сомонӣ кӯмакпулии яквақта  сарфароз гардонида мешаванд.

Аз маркази иттилоот ва таҳлили ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба Озодагон гуфтанд, ки дар вилояти Суғд 466 иштирокчии ва маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 19 ҳамсари бесаробонмондаи ҷанговарони дар ҷанг ҳалокгардида ва 289 шахсе, ки дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои меҳнати шуҷоатнок бо медали «Барои меҳнати шоён  дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» сарфароз гардидаанд, умр ба сар мебаранд.