Тайи ду-се рӯзи охир қурби миёнаи доллари Амрико дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ баланд шуда, айни ҳол дар ҳудуди нуқтаҳои фурӯши Душанбе 4,8400-4,8600 сомонӣ хариду фурӯш мешавад.
Абдуғаффор Қурбонов, масъули маркази матбуотии Бонки миллӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки давоми чанд рӯзи ахир арзиши миёнаи асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ дар нуқтаҳои мубодилаи пули шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ тамоюли баландшавиро дошт ва ба ҳисоби миёна даҳ рубли русӣ ба 0,1630-0,1640 сомонӣ ва 6,3600-6,3800 сомонӣ баробар шудаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, қурби миёнаи доллари ИМА дар давоми чор рӯзи охир дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ дар худуди 4,8320-4,8590 сомонӣ қарор дошт. Аммо имрӯз қурби миёнаи доллари Амрико дар нуқтаҳои мубодилаи пули шаҳри Душанбе, 4,8400 4,8600 сомонӣ, Хуҷанд 4,8500 4,8550 сомонӣ, Курғонтеппа 4,8400-4,8600 сомонӣ харду фурӯш мешавад.