баргард чоп кардан

Модар духтарашро фурӯхт. Ба 1000 доллар

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ зимни як амалиёти вижа дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд  Раъно Набиеваро  боздошт карданд.

Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, ин хонуми 56 сола, ки айни замон дар ягон ҷой фаъолият намекунад, бо ҷурми одамфурӯшӣ дастгир шудааст. Номбурда аввалҳои моҳи марти соли 2011 дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Зарина Мавлоноваи 39 сола, сокини Чкаловск фарзанди хурдсол-духтарчаашро ба Ханизагур Собироваи 41 сола, сокини  шаҳри Душанбе  ба маблағи 1000 доллари амрикоӣ фурухтааст.