баргард чоп кардан

Дар Душанбе китоби «Дантеи адабиёти рус» муаррифӣ мешавад

Фардо, 5-уми май дар галереяи адабии шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Беҳзод 1 расми муаррифии китоби нависанда ва шоири шинохтаи тоҷик Темур Зулфиқоров баргузор мешавад.

Дар ин бора ба Озодагон аз Маркази фарҳангии «Бактрия» хабар доданд. Ба иттилои манбаъ маросими муаррифӣ соати 17:00 оғоз мегардад.

Темур Зурфиқоров 17-уми августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишкадаи адабиёти ба номи Горкийи Маскав аст. Муаллифи 20 китоб мебошад.  Асарҳои ӯ дар мавриди Хоҷа Насриддин, Умари Хайём, Иван Грозний ва Амир Темур мақбули доираи мухталифи хонандаҳо шудааст.

Дар Ғарб Темур Зулфиқоровро «Дантеи адабиёти рус» меноманд.

Асарҳои ӯ ба 12 забони дунё тарҷума шудааст. Темур Зулфиқоров дар бахши драматургияи театр ва синамо заҳмати зиёд кашидаву мекашад.

Вай муаллифи беш аз 20 филми адабӣ ва ҳуҷҷатӣ аст, ки бештари онҳо бо ҷоизаҳои ҷашнвораҳои байналмилалӣ қадр шудаанд.