баргард чоп кардан

Николя Саркозӣ мағлубияташро дар интихоботи президентӣ эътироф кард

Ба маълумоти хабаргузориҳо Николя Саркозӣ, президенти амалкунандаи Фаронса аллакай рақиби худ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ Франсуа Олландро аз тариқи телефон табрик намуда, ба ӯ бурдбориҳо таманно кардааст.

Дар ҷаласаи охири худ дар ситодаш Николя Саркозӣ изҳор кардааст: «Мардуми Фаронса интихоби худро кардааст. Франсуа Олланд акнун президенти Фаронса аст ва бояд ин интихобро эҳтиром кард».

Ҳамчунин Саркозӣ таъкид кардааст, ки нақши ӯ дар сиёсат акнун дигар хоҳад буд, аммо ҳатто вақт наметавонад ширкаташро дар ҳаёти кишвар канда кунад.

Аллакай андешаҳои ҷомеаи байналмилалӣ дар хусуси ивазшавии қудрат дар Фаронса садо додаанд. Вазири умури берунаи Олмон Гидо Вестервелле изҳор кардааст, ки интихоби Франсуа Олланд ҳодисаи таърихӣ буда, интизор дорем, ки Олмону Фаронса якҷоя мушкилиҳоро паси сар мекунанд.

Ёдовар мешавем, Франсуа Олланд бо касби 51 фисади орои мардум бар президенти вақти Фаронса Николя Саркозӣ дар даври дуввуми интихобот ғолиб омад.