Гурзи Дилшод 77 метру 34 сантиметр парид
Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик дар мусобиқоти Гран-При дар Кавасакии Ҷопон мақоми аввалро касб кард.
Дилшод Назаров гурзашро ба масофаи 77 метру 34 сантиметр ҳаво додааст. Рақиби аслии ӯ дар ин мусобиқа Павел Файдеки лаҳистонӣ гурзро 76 метру 31 сантиметр андохтааст. Дар ин сабқат ҷои сеюм насиби Кавасаки Маркус Эссер аз Олмон шудааст.
Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров соҳиби роҳхати Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон-2012 аст.