баргард чоп кардан

148 низомии хориҷӣ дар Афғонистон ҷони худро аз даст додаанд

Рӯзи гузашта дар қаламрави яке аз музофотҳои шарқии Афғонистон бар асари таркиши маводи мунфаҷира се хизматчии ҳарбии нерӯҳои байналмилалии эътилоф кушта шудаанд.

Маълумоти бештар дар мавриди ҷои дақиқи ҳодиса ва шаҳрванди кадом кишвар будани  ҳалокшудаҳо дар бастагӣ ба сиёсати НАТО барои ВАО эълон нашудааст.

 

Мавриди ёдоварист, рӯзи якшанбе ҳам аз кушта шудани ду сарбози хориҷӣ дар қаламрави Афғонистон хабар расида буд. Яке аз онҳо дар пайи таркиши мин ба ҳалокат расид ва аммо дуюмиро марде дар либоси артиши афғон парронд. Тибқи омори мавҷуд аз аввали соли равон то кунун дар Афғонистон 148 низомии нерӯҳои эътилоф ҷони худро аз даст додааст.