Франсуа Олланд, президенти тозаинтихоби Фаронса тасмим дорад, нерӯҳои кишварашро ҳамин сол аз Афғонистон берун кунад.
«Фикр мекунам, дуруст мешавад, ки нерӯҳои низомии мо то охири соли 2012 ба ватан баргарданд», -изҳор дошта буд, Олланд дар барномаҳои қаблазинтихоботии худ. Интизор меравад, президенти нав стратегияи ҷадиди хуруҷи нерӯҳоро дар саммити НАТО, ки 20-21-уми май дар Чикаго баргузор мешавад, пешниҳод намояд. Хабаргузории «Франс Пресс» аз нақли як манбаи худ аз доираҳои НАТО навиштааст, ки ситоди Паймони атлантикаи шимолӣ нақшаи тезонидани берун кардани низомиёни Фаронса аз хоки Афғонистонро чандон хуш надорад.
Дар ҳамин ҳол Давлат Вазирӣ, сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон гуфтааст, «агар Фаронса хуруҷи нерӯҳояшро то охири соли ҷорӣ амалӣ намояд, боиси нигаронии мо хоҳад шуд, аммо ба ин тасмим эҳтиром мегузорем».
Дар ҳоли ҳозир теъдоди низомиёни Фаронса дар ҳайати Нерӯҳои байналмилалии эътилоф ба 3300 нафар мерасад. То ин муддат бар асари амалиётҳо 82 хидматчии харбии ин кишвар кушта шудааст.