баргард чоп кардан

Ду ҳизб гуфтаанд, ки ба ҷонибдории Медведев овоз намедиҳанд

Фраксияи ҳизби комунисти Русия дар хулосаи машварат бо Дмитрий Медведев тасмим гирифтааст, ки номзадии ӯро ба мақоми нахуствазирӣ пуштибонӣ накунад.

Дар ин бора РИА «Новости» аз нақли Владимир Бессонов, вакили парлумон аз ҳизби коммунист иттилоъ додааст. Сергей Миронов, пешвои ҳизби «Русияи боадолат» низ аз ҷонибдоронаш даъват карда, ки зидди Медведев райъ бидиҳанд.

Дар ҳамин ҳол  ҷиноҳҳои «Русияи воҳид» ва ЛДПР гуфтаанд, якдилона аз номзадии Дмитрий Медведев дастгирӣ мекунанд.

Номзадии Медведевро Владимир Путин ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард. Қарор аст, вакилон имрӯз, 8-уми май соати 15:00 (вақти Маскав) пешниҳоди мазкурро баррасӣ намоянд. Агар ба ҷонибдории Медведевро 226 вакил овоз бидиҳад, ӯ курсии сарвазири Русияро соҳиб хоҳад шуд.