баргард чоп кардан

«Тоҷикфилм» роҳбари нав ёфт

Носир Саидов, коргардони шинохтаи тоҷик раиси киностудияи  давлатии «Тоҷикфилм» таъин шуд.

Ӯ дар ин мақом Маҳмадсаид Пировро иваз кард, ки акнун дар курсии сарвари шӯъбаи фарҳанги дастгоҳи президент нишаст.

 

Номзадии Носир Саидовро роҳбарияти Кумитаи радио ва телевизион бидуни алтернатива пешниҳод кардааст. Ёдовар мешавем, филми «Қиёми рӯз»-и Носир Саидов Тоҷикистонро дар маъруфтарин ҷашнвораҳои байналмилалӣ муаррифӣ карда ва чандин ҷоизаҳое низ бо худ овардааст. Носир Саидов дар чанд соли ахир дар телевизионҳои давлатӣ ба ҳайси коргардон кор карда, ҳамчунин масъулияти коргардонӣ дар чанд барномаи ҳунарии овозхонҳои тоҷикро низ бар дӯш доштааст.