баргард чоп кардан

ФБД феҳрасти барандагони роҳхати олимпиро мунташир кард

Федератсияи байналмилалии дзю-до (ФБД) феҳрасти барандагони роҳхати Бозиҳои олимпии Лондон-2012-ро нашр кард.

Муродалӣ Тешаев, сухангӯи дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки дар феҳрасти мазкур Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии бозиҳои олимпии Пекин-2008  ба таври мустақим ва Парвиз Собиров аз ҷониби Федератсияи дзю-дои Осиё ҳуқуқи ширкат дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012-ро пайдо намуданд.

 

Парвиз бо сабаби он, ки дар мусобиқаи ниҳоии тахассусӣ барандаи медали нуқра гардид тавонист ҷойи Муҳаммад Абдураҳмоновро иваз намояд. Ӯ дар Олимпиадаи Лондон дар вазни 91 кило ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Ҳамин тариқ теъдоди барандагони роҳхати Бозиҳои олимпи ба 12 нафар расид. Ба ғайр аз дзю-дочиён ҳамчунин Дилшод Назаров дар  намуди гурзпартоӣ, Искандари Рустам, Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсупов ва Николай Ноев дар намуди гӯштии тарзи озод, Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов дар риштаи Таэквондо ВТФ, Чаҳон Курбонов, Анвар Юнусов ва Собирчон Назаров дар намуди бокс соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпӣ маҳсуб мешаванд.

Ҳамчунин як умеди дигар ба Мавзуна Чориева, муштзани тоҷик аст, ки қарор аст, имрӯз дар Чин қувваозмоӣ кунад. Мавзуна Чориева ҳамроҳ бо Матлуба Каримова дар сабқати VII-уми қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон ширкат доранд. Ин мусобиқа то 19-уми май дар шаҳри Тсинхуандаои Чин идома хоҳад кард.