баргард чоп кардан

Дар ҳукумати Тоҷикистон як қатор тағйироти кадрӣ ба вуқӯъ пайваст

Имрӯз, 11-уми май бо фармони Эмомалӣ Раҳмон чанд нафар ба вазифаои нав таъин гардиданд.

Президенти кишвар бо ду фармон Амирулло Холовро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва Мирзохон Санговро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таъин кард.
Ҳамчунин, бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон Руҳуло Ҳакимов муовини вазири молия, Ҳикматулло Назиров муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Шарифҷон Раҷабов муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Раҳматулло Таваров сардори Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъмории Агентии сохтмон ва меъморӣ таъин шуданд.

Худоберди Холиқназаров дар курсии муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президент, Сайфулло Сафаров ва Фарида Муминова муовинони директори ҳамин марказ таъин шуданд.
Ба ҷуз ин 7 нафар ба курсии ректорӣ нишастанд: Раҳматулло Мирбобоев ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Диловар Қодиров ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Ғафур Усмонов ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Ҷамшед Ҷӯрабоев ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Маҳмад Шодиев ректори Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав, Имомёрбек Қаландарбеков ректори Донишгоҳи Давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ва Сулаймон Давлатов ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит.

«Нӯҳ нафари дигар ба вазифаҳои роҳбарӣ ва судя дар мақомоти судии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе таъин шуданд.
Сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилии шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ва ноҳияҳои Ёвон, Ҷиликул ва Муъминободи вилояти Хатлон иваз карда шуданд»,навиштааст сомонаи президенти Тоҷикистон.