баргард чоп кардан

Путин аз муҳоҷирони меҳнатӣ таърихи Русияро имтиҳон мегирад

Яке аз аввалин иқдомоти Владимир Путин баъди ба ҳайси президенти Русия ба фаъолият пардохтанаш роҳандозии имтиҳон аз забони русӣ, қонунгузории ин кишвар ва таърихи Русия барои муҳоҷирин будааст.

Тавре хадамоти матбуоти раисҷумҳури Русия хабар медиҳад, ин дастур ба мутахассисони баландихтисос рабт надоштааст.

Ин дастур дар доираи фармони президент «Дар бораи таъмини ваҳдати миллӣ» сурат гирифтааст, менависад сомонаи Кремл. Ба иттилои сарчашмаи хабар ин фармони президент як қатор чораҳои мушаххасро оид ба таҳкими ваҳдати халқҳои Русия ва фароҳамсозии рушди баробар барои ҳамаи миллатҳои маскуни ин кишварро дар бағал дорад.

Аз ҷумла, Владимир Путин тақозо кард, то моҳи декабри соли равон лоиҳаи санадҳои меъёриро барои муҷозоти маъмуриву ҷинӣ барои вайронкунандагони талаботи қонунгузории соҳаи муҳоҷират дар ин кишвар таҳия намоянд. Президенти Русия ба ғайр аз ин аз зердастонаш тақозо кардааст, то Шӯро оид ба муносибати байнимиллатҳои назди президентро таъсис дода, то 1 декабри соли 2012 «Дурнамои сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират» тасдиқ шавад.