Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Пётр Зверев, котиби масъули Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро ба ҳузур пазируфт.
Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси миллӣ ба Озодагон гуфт, ки дар мулоқот масъалаҳои марбут ба ҷаласаи қарибулвуқӯи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодииАвруОсиёро баррасӣ шудааст. «Ҷонибҳо зикр карданд, ки баргузории ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои кишварҳои узви ин ниҳоди муътабар муосидат менамояд»,-афзуд манбаъ.
Ҷаласаи мазкур 16 май дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба кори худ оғоз мекунад ва ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев дар он ширкат хоҳад кард.