баргард чоп кардан

Ҳоливуд дар Амрико аз режими Ислом Каримов интиқод кард

Як гурӯҳ ҳунармандони Ҳолливуд дар саҳнаи театри машҳури Broad Stage Theatre, штати Калифорния намоишномаи махсусро оид ба режими Ислом Каримов ва мубориза барои ҳақи инсон дар Ӯзбакистон ба маърази тамошо гузоштанд.

Намоишнома «Садои қалбҳо: озодӣ ба садо ниёз дорад» ном дошта оид ба поймол гардидани ҳақу озодиҳои инсон дар ин кишвар ҳикоят мекунанд.

 

Намоишномаи мазкурро адиби машҳур Ҷонатан Фелдман навишта, ҳунармандони шинохта Рено Вилсон нақши Каримов ва Каролин Аарон нақши муҳофизи ҳуқуқи инсон Елена Уралаеваро, ки барои талошҳояш аз сӯи мақомоти Ӯзбакистон маҷбуран ба бемористони касалиҳои рӯҳӣ андохта шудааст, бозидаанд.

Намоишнома аз сӯи ташкилоти Human Rights Watch, ки муддати мадид бо Ҳолливуд ҳамкорӣ дорад, ба саҳна гузошта шудааст.