Зимнан қайд шудаст, ки корҳо дар самти таъмини мардуми Тоҷикистон бо маҳсулоти кишоварзии худӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудаанд ва имкониятҳои мавҷуда ба таври лозима истифода намегарданд.
Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷаласаи Шӯро зарурияти беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо, истифодаи тухмии босифат, муборизаи беамон бо зараррасонҳо таъкид шудаст. Оқилов аъзоёни Шӯроро, ки вазирону раисони кумитаҳои давлатии кишварро дар бар мегирад, вазифадор кардаст, то дар самти таъмини мардуми кишвар бо маҳсулоти ватанӣ фаъолтар бошанд.
Коршиносони тоҷик мегӯянд дар сурати роҳандозии сиёсати дурусти кишоварзӣ Тоҷикистон имкон дорад на танҳо талаботи дохилӣ, балки маҳсулоти озуқавориро ба хориҷи кишвар ҳам содир кунад. Дар ҳоли ҳозир бозори маҳсулоти озуқавории Тоҷикистон пойбанди хориҷа буда, нисфи талаботи мардум ба озуқа бо маҳсулоти воридотӣ таъмин мегардад.