баргард чоп кардан

«Исроил бо 200 кулоҳаки ҳастаӣ таҳдиде барои Миср аст»

Яке аз номзадҳои барҷастаи интихоботи раёсатҷумҳурии Миср дар мусоҳибае эълом кард, Исроил давлати нажодпараст буда, бо доштани 200 кулоҳаки ҳастаӣ таҳдиде барои Миср ба шумор меравад.

Хабаргузории Форс менависад, Абдулмуним Абдулфатуҳ, номзади исломгарои интихоботи президентии Миср Исроилро  давлати нажодпараст тавсиф кард ва бар зарурати таҷдиди назар дар бораи тавофуқномаи сулҳ миёни Миср ва Исроил аз соли 1979 таъкид кард.

Дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии «CBS» номбурда афзудааст, аз ибтидо мухолифи имзо шудани паймони сулҳ бо Исроил будааст. Ба қавли номзади исломгаро ин тавофуқнома таҳдиде барои амнияти миллии Миср ба шумор меравад ва бояд таҷдиди назар шавад.
Абдулфатуҳ идома дод, ки паймони сулҳи Миср бо Исроил монеъ аз ҳукумати комили Миср ба нимҷазираи Сино мешавад ва исроилиҳо бидуни ҳеч гуна муҷавизи вурудӣ метавонанд вориди нимҷазираи Сино шаванд, ҳол он ки артиши Миср иҷозаи ҳузур дар ин минтақаро надорад.

Абдулмуним Абдулфатуҳ яке аз номзадҳои барҷастаи интихоботи раёсатҷумҳури Миср ба шумор меояд ва ахиран ҳизби салафии «Ан-нур», ҷарёни салафии Миср, ҳизби исломгарои «Ал-усат» ва ҷамоати исломи Миср эълон карданд, ки дар интихоботи президентии Миср аз ӯ пуштибонӣ хоҳанд кард.