баргард чоп кардан

Мақомоти Русия тоҷикро дар қатли тоҷик муттаҳам мекунанд

Мақомоти Русия дар қатли сокини 28 – солаи ҷамоати Зиракии вилояти Хатлон, ки чанд рӯз пеш дар вилояти Члябински Русия кушта шудааст, шаҳрванди 28 – солаи дигари Тоҷикистон, - Асомуддин Маҳмудовро муттаҳам мекунанд.

Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи фарзияи тафтишот куштор дар паи муноқишаи байнихудии ин ду шаҳрванди Тоҷикистон сурат гирифтаст: «Дар паи якдигарнофаҳмии баногоҳ рухдода, Асомудин Маҳмудов аз мошинаш баромада ба қафаси синаи ФМ –и 28 сола 5 корд мезанад ва баъдан таи 10 дақиқа ӯро бо латтапора буғӣ мекунад».

Мақомоти Русия айни ҳол Маҳмудовро, ки дар Русия ғайриқонунӣ қарор доштаст, боздошт намудаанд ва нисбати ӯ тафтишот идома дорад.