баргард чоп кардан

Ихтисор дар ниҳодҳои давлатӣ наздик ба 1,5 миллиарди буҷетро сарфа мекунад

Аз ҳисоби ихтисори кормандону сохторҳои давлатӣ имкон дорад дар Тоҷикистон ҳар моҳ 120 миллион сомонии буҷет сарфа шавад.

Ин нуқта  дар шаҳри Душанбе зимни як мизи мудаввар дар мавзӯи андозу сармоягузорӣ аз ҷониби намояндагони бахши хусусӣ таъкид гардид.

Ба ҳисоби таҳлилгарони бахши хусусӣ дар паи ихтисор дар ниҳодҳои давлатӣ солона дар буҷет ҳудуди 1 миллиарду 440 миллион сомонӣ сарфа мешавад, ки ба давлат имкон медиҳад ӯҳдадориҳои иҷтимоиашро дар назди мардум дар сатҳу сифати баландтар амалӣ намояд.  Имкон мешавад, ки маоши кормандони баландихтисоси давлатӣ то 4 маротиба баланд бардошта шавад.

Дар ин робита президенти Тоҷикистон ахиран супориш дод, ки дар дар ниҳодҳои давлатӣ ҳудуди 15 фоиз кормандон ихтисор шаванд ва аз ҳисоби маблағҳои сарфашуда, маоши мардум баландтар шавад. Аз ҷумла супориш шуд, ки сар аз моҳи сентябр маоши ҳадди ақал дар кишвар 2,5 маротиба баланд шуда, - аз 80 ба 200 сомонӣ баробар гардад.