баргард чоп кардан

Дар моҳи май нархи пахта 150 доллар арзон шуд

Нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ таи ду ҳафтаи охир бо суръат поин рафта, дар нимаи аввали моҳи май 150 доллар арзон шудаст.

Дар биржаи пахтаи Маскав рӯзи 1 –уми май як тон пахта  2 412 доллар арзиш дошт. Рӯзе пеш ин нишондод то 2 ҳазору 267 доллар поин омад.

Ин дар ҳолест, ки пахта дар Тоҷикистон баробари алюмний маҳсулоти асосии содиротӣ маҳсуб ёфта, таъминкунандаи иқтисоди кишвар бо асъори хориҷӣ ва манбаи асосии даромади деҳқонони тоҷик мебошад.

Имсол майдони кишти пахта дар кишвар ҳудуди 210 ҳазор гектарро ташкил намуда, ҳосили пешгӯинамудаи вазорати кишоварзӣ 420 ҳазор тонро ташкил медиҳад.

Соли гузашта дар кишвар ҳудуди 412,5 ҳазор тон пахта ҷамъоварӣ шуда буд, ки дар муқоиса бо нақшаи пешбинишуда 22 ҳазор тон зиёд аст. Таҳлилгарони иқтисодӣ мегӯянд коҳиши бо суръати пахта дар ҷаҳон зарбаи сахте ба буҷети деҳқонон ва иқтисоди кишвар хоҳад буд.