баргард чоп кардан

Ислом Каримов: Путин ҳамон фардест, ки бо ӯ метавон ҳамкорӣ кард

Путин гуфт, Ӯзбакистон яке аз кишварҳои калидӣ дар минтақа аст ва Русия қасд дорад то дар оянда равобити худро бо ин кишвар пеш аз пеш густариш диҳад.

Ба гузориши хабаргузории Форс Владимир Путин дар дидор бо Каримов дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав гуфт, ки мақомоти Русия тавони билқувваи иқтисодӣ, табиӣ ва иҷтимоии Ӯзбакистонро бисёр боло медонанд.

Раис ҷумҳури Ӯзбакистон низ дар посух ба суханони ҳамтои руси худ изҳор дошт: «Вақте шумо барои аввалин бор дар соли 2000-ум ба мақоми раёсат ҷумҳурӣ расидед, ман гуфтам, Путин ҳамон фардест, ки бо ӯ метавон ҳамкорӣ кард ва акнун низ иҷоза бидиҳед ин ҳарфро бори дигар такрор кунам то ҳама бишнаванд».

Каримов  бо ишора ба хусусиёти мусбати Путин вайро фарде амалгаро донист ва изҳори умедворӣ кард , ки дар давраи саввуми президентияш равобити ҳамаҷониба байни Ӯзбакистон ва Русия густариш меёбад.