Имрӯз (16.05.с.2012) дар тафдонҳои заводи «Тоҷик-текстилмаш»-и шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти Раёсати тафтишотӣ, Раёсати амнияти дохилии ВКД, намояндагони мақомоти Прокуратура, Суд ва намояндагони воситаҳои ахбори омма маводи нашъадор тариқи оташ задан нобуд карда шуд.
Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, дар ин чорабинӣ ҳудуди 600 кило маводи нашъадор нобуд карда шуд. Аз ин миқдор 94 кило «ҳероин», 32 кило «афюн», 477 кило «бангдона», 1929 адад ҳабҳо, яъне таблеткаҳо аз рӯи 157 парвандаҳои ҷиноӣ, ки нисбаташон ҳукми суд баромадааст, маҳв карда шуд.
Зимнан, вобаста ба ин 200 шаҳрванд бо ҷурми фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор тибқи моддаи 200-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон айбдор дониста шуда, равонаи зиндон гаштаанд.