баргард чоп кардан

Ду корманди прокуратура барои қоидавайронкунӣ ҷазо мегирад

Дар пайи як амалиёти Раёсати амнияти дохилӣ, Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ ва маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе 25 ҳолати қоидавайронкунии кормандони сохторҳои қудратӣ ошкор шудааст.

Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, зимни ин рейд 1 ҳолати бо рақамҳои бегона, 1 ҳолати сарпечӣ аз талаботи кормандони БДА, 3 ҳолати сигналҳои ғайристандартӣ, 5 ҳолати барқасдона ё худсарона сиёҳ кардани оинаи қисми пеши нақлиёт, 10 ҳолати бе ҳуҷҷати ронандагӣ рондани нақлиёт муайян шуд.

 

«Иштирокчиёни ин қойдавайронкунӣ як корманди ВКД, ки бо фармони вазири корҳои дохилӣ ба ҷазои интизомӣ ҷалб шудааст, ду корманди мақомоти Прокуратура, як  корманди Агентии назорати давлатии молия ва коррупсия, як корманди Хадамоти гумрук буданд.  Ба ҷои ислоҳ кардани камбудиҳо онҳо баръакс бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ баҳсу муноқиша мекарданд. Воситаҳои нақлиёти онҳо ба ҷаримагоҳ бурда шуда, нисбати соҳибонашон чораҳои қонунӣ андешида мешавад»,-афзуд манбаъ.

Амалӣ кардани чунин рейдҳо дар оянда низ аз ҷониби кормандони Раёсати амнияти дохилии ВКД ва бахши бозрасии давлатии автомобилӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба нақша гирифта шудааст.