баргард чоп кардан

Се даста ҳарифи худро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. «Равшан» ҳанӯз ҳам дар ҷои аввал аст

Бозиҳои даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид.

Се бозии аввали ин давр 19-уми май сурат гирифт. “Энергетик”-и Душанбе “Ҳосилот”-и Фархорро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. “Равшан”-и Кӯлоб ҳам бо ҳамин ҳисоб “Гвардия”-и Душанберо мағлуб кард. Дидори “Регар ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд 2:0 поён ёфт.

Се бозии дигари ин давр 20-уми май баргузор шуд. “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бар  “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 5:2 дастболо шуд. “Вахш”-и Қӯрғонтеппа “Зарафшон”-и Панҷакентро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. ССКА “Помир”-и Душанбе бо “Истаравшан”-и  Истаравшан бозӣ кард ва натиҷаи ин дидор 1:1 шуд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа чунин аст:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

"Равшан"

7

6

0

1

14-5

18

2.

"Регар-ТадАЗ"

6

5

1

0

14-3

16

3.

"Истиқлол"

6

3

2

1

13-5

11

4.

"Хайр"

6

3

2

1

11-7

11

5.

"Вахш"

5

3

1

1

7-2

10

6.

"Хуҷанд”

6

3

1

2

11-10

10

7.

"Энергетик”

7

2

4

1

13-10

10

8.

“Истаравшан”

5

2

1

2

9-10

7

9.

ССКА “Помир”

5

2

1

2

7-8

7

10.

"Зарафшон”

5

1

2

2

8-11

5

11.

“Парвоз”

6

1

1

4

11-13

4

12.

"Ҳосилот”

7

0

0

7

5-19

0

13.

“Гвардия”

7

0

0

7

3-23

0