баргард чоп кардан

Ҳаҷми буҷаи Тоҷикистон аз нақшаи пешбинишуда 3 фоиз зиёд шудааст

Ҳаҷми буҷаи Тоҷикистон дар моҳи апрели соли ҷорӣ ҳудуди 600 миллион сомониро ташкил додаст.

Тибқи иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон ҳаҷми буҷа дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ ба 2 миллиарду 600 миллион сомонӣ баробар шудаст, ки дар муқоиса бо нақшаи пешбинишуда наздики 3 фоиз бештар мебошад.

 

Дар семоҳаи аввал даромади буҷет аз ҳисоби андозҳо афзоиш ёфта, ба 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ баробар шудаст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 306 миллион сомонӣ ё 22,7 фисад зиёдтар аст.

Дар баробари афзоиши даромад, хароҷоти буҷа ҳам дар муқоиса бо семоҳаи аввали соли гузашта афзоиш ёфтаст. Ҳаҷми хароҷоти буҷа 1,8 миллиард сомониро ташкил додаст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта277,5 миллион сомонӣ бештар аст.