баргард чоп кардан

Кумитаи андоз мехоҳад шумораи андозҳоро аз 21 ба 24 расонад

Дар таҳрири нави кодекси андоз, ки Кумитаи андоз пешниҳод кардааст, теъдоди андозҳо афзоиш ёфта, аз 21 ба 24 навъ расидааст.

Дар ҳоле, ки қаблан раиси Кумитаи андоз изҳор дошта буд, ки пешниҳод шудааст, то навъи андозҳо аз 21 ба 12 кам карда шавад. Матлуба Улҷабоева, роҳбари Ассотсиатсияи миллии соҳибкорони хурду миёна мегӯяд, дар таҳрири нави кодекси андоз, ки Кумитаи андоз пешниҳод кардааст, теъдоди андозҳо аз 21 ба 24 навъ зиёд шудааст.

 

Дар лоиҳаи нави кодекси андоз пешниҳодҳое, ки аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ буданд, ба назар гирифта нашудаанд. Дар хусуси таҳкурсии сиёсати андозӣ хонуми Улҷабоева гуфт: «Аввалин кодекси андози Тоҷикистон аз кодекси андози Канада нусхабардорӣ шудааст. Канада куҷову Тоҷикистон куҷо? Тамоман муҳиту шароит ва вазъи иқтисодӣ тафовут дорад. Дар Канада менталитет, шароит ва сохтор дигар аст».

Ба бовари ӯ то замоне, ки сиёсати андозбандиро мақомоти фискалӣ-Кумитаи андоз таъйин мекунад, вазъ тағйир намеёбад ва ҳеч гоҳ кодекси хуби андоз ба тасвиб намерасад.