баргард чоп кардан

«Ориёнбонк» ба ҷоизадорони Олимпиадаи Лондон «Лексус» медиҳад

Ҷамъияти саҳҳомии «Ориёнбонк» эълон кард, ки ба варзишгарони тоҷик, ки дар Олимпиадаи Лондон-2012 ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд, мошини сабукрав тӯҳфа мекунад.

Аз маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ба Озодагон гуфтанд, шоми 21-уми май дар толори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба ифтихори пирӯзии варзишгарони маъруфи кишвар Мавзуна Чориева ва Парвиз Собиров, ки ба Олимпиадаи Лондон-2012 роҳхат гирифтаанд, маросими мукофотсупорӣ сурат гирифт.  Зимнан Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ нахуст Мавзуна Чориеваро, ки соҳиби роҳхати олимпӣ ва барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занҳо дар вазни то 60 кило гардидааст, бо дастовардҳои бузургаш табрик гуфта, қайд кард, ки дар байни 13 намояндаи Тоҷикистон, ки то имрӯз ба Бозиҳои сиюми тобистонаи олимпӣ роҳхат гирифтаанд, Мавзуна ягона бонуи варзишгар маҳсуб мешавад. Ҳамзамон ба Мавзуна Чориева аз номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мошини сабукрави тамғаи «ВАЗ-2107» тӯҳфа шуд
Ҳамчунин ба Мавзуна намояндагони ширкати «Вавилон-Мобайл» сертификат ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, ширкати «Мегафон-Тоҷикистон» телефони «Айфон-4» ва ширкати «Султони Кабир» мукофоти пулӣ тақдим намуданд. Ба устоди Мавзуна мураббии варзидаи бокс Мирзо Шамсиев ҷоизаи пулӣ супурда шуд.
Парвиз Собиров, паҳлавони варзидаи тоҷик, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо дар вазни то 90 кило дар шаҳри Тошканд барандаи медали нуқра шуд ва ба Олимпиадаи Лондон роҳхат гирифт, бо мукофоти пулии Кумитаи миллии олимпӣ ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ сарфароз гардид. Ҳамзамон варзишгарони дигар низ, ки ба Олимпиадаи Лондон-2012 роҳхат гирифтаанд, мукофотҳои пуллӣ эҳдо карда мешавад. 
Манбаъ, илова намуд, ки Ҷамъияти саҳҳомии «Ориёнбонк» тасмим гирифтааст, ки варзишгаронеро, ки дар Олимпиадаи Лондон-2012 ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб мешаванд, мувофиқи зинаҳои касбнамудаашон бо навъҳои мошини сабукрави тамғаи «Лексус» сарфароз гардонад.