баргард чоп кардан

МАГАТЭ: Бо Эрон ба тавофуқ расидем

МАГАТЭ гуфт, бо Эрон дар мавриди доир кардани тафтиш дар иншоотҳои ҳастаии давлати исломӣ ба тафовуқ расидааст. Ин хабарро Юкиё Амано, сардори МАГАТЭ, як ниҳоди байналмиллалии оид ба нерӯи ҳастаӣ пас аз бозгашт аз сафари Теҳрон иброз дошт.

Бино ба гуфтаи Амано тарафҳо оид ба баргузор кардани тафтиши на фақат иншоотҳои маълуми ин кишвар ва ниҳодҳои илмӣ-тадқиқотӣ, балки дар дигар иншоотҳое, ки боиси шубҳаи ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст ба мувофиқа расидаанд.

Аммо Амано дақиқ нагуфтааст, ки ҳайати кории МАГАТЭ аз маҷмааи зеризаминии «Фардо», ки бештар Ғарбро ба таҳлука овардааст, дидан хоҳанд кард ё не.
Сардори МАГАТЭ иқрор кард, ки баъзе аз ҷузъиёти ин тавофуқномаро баррасиҳо ҳанӯз дар пеш аст: «Аммо ин ҷузъиёт он кадар муҳимият надоранд ва барои имзои ин созишнома монеа шуда наметавонанд»,- гуфт Амано.

Ин изҳороти Юкиё Амано, сардори МАГАТЭ дар ҳоле сурат гирифт, ки дар Бағдод намояндагони Эрон дар садади вохӯрӣ бо фиристодагони 5 узви доимии Шӯрои амнияти СММ ва Олмонанд. Интизор меравад, ки дар ин дидор тарафҳо талош мекунанд, ки дар мавзӯи мушкилоти ҳастаии Эрон ба хулосаи лозимии барои тарафҳо муфид бирасанд.