Дар Тоҷикистон 300 ҳазори дигар ба истифодаи интернет пардохтаанд
Тибқи иттилои оморӣ теъдоди истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон ба ҳолати аввали моҳи апрели соли ҷорӣ 2 миллиону 100 ҳазор нафарро ташкил додаст, ки дар муқоиса бо рақамҳои аввали сол 300 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Рафиқҷон Шокиров, муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон теъдоди истифодабарандагони интернетро дар кишвар бо назардошти алоқаи мобилӣ 1 миллиону 800 ҳазор нафар арзёбӣ карда буд. Шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ ба ҳолати 1-уми январи соли ҷорӣ дар кишвар ба иттилои Хадамот 6,5 миллион нафар буд.
Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон муштариёни алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон таи семоҳаи аввал ҳудуди 1,2 миллион нафар зиёд шуда, акнун 7,7 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки тақрибан аз шумораи умумии аҳолии кишвар ҳам зиёдтар мебошад.
Манбаъ аз Хадамоти алоқа фаҳмонд, ки бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон 2 ва 3 кортӣ доранд ва ҳар симкорт дар алоҳидагӣ ҳамчун абоненти алоқаи мобилӣ ҳисоб карда мешавад.