Шароити Тоҷикистон барои тиҷорати байналмилалӣ ҳанӯз хуб нест
Таҳлилгарони Анҷумани умумиҷаҳонии иқтисодӣ сатҳи воридоти 132 давлати дунёро ба тиҷорати байналмилалӣ баҳогузорӣ карда, Тоҷикистонро дар ҷои 110-ум қарор додаанд.
Масъулини Анҷуман рейтинги худро дар пояи чор омил тартиб додаанд. Аввалан дастрасӣ ба бозори дохилӣ. Дуюм идораи маъмурӣ дар сарҳадҳо. Вазъи Тоҷикистон дар ин росто коста арзёбӣ мегардад. Расмиёту ҳуҷҷатгузорӣ дар марзҳо зиёд буда, вақту маблағи зиёд сарф мешавад. Омили сеюм, ки таҳлилгарон ба назар гирифтаанд, фазои корӣ мебошад. Бо вуҷуди баъзе пешравиҳо дар ин самт, созмонҳои байналмилалӣ фазои кории кишварро аз ҷумлаи қафомондатаринҳо арзёбӣ мекунанд. Омили чорум инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ аст, ки дар Тоҷикистон хуб рушд наёфта, дар масъалаи роҳи оҳан ҳанӯз пойбанди Ӯзбакистон аст.
Бо вуҷуд аз рӯи сатҳи воридот ба тиҷорати байналмилалӣ, Тоҷикистон миёни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил қафомондатарин нест. Аз ҷумла аз Қирғизистон як зина ва аз Русия ду зина пештар меистад. Қирғизистон дар рейтини Анҷумани умумиҷаҳонии иқтисодӣ ҷои 111-ум ва Русия 112-умро соҳиб шудаст.