баргард чоп кардан

Як табааи Русия бо гумони куштори шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуд

Дар Маскав як шаҳрванди Русияро бо гумони даст доштан дар куштори ҳамватани мо дастгир карданд

Аз хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Озодагон гуфтанд, ки боздоштшударо дар куштори Юлдош Умматов муттаҳам мешиносанд. Бо сабаби халал наёфтани раванди тафтишот аз дастгиршуда ном бурда намешавад.
Ба иттилоои манбаъ ҷасади Юлдош Умматов 24-уми май аз тариқи ҳавопаймои хатсайри Маскав-Хуҷанд ба Ватан фиристода шуд.
Ёдовар мешавем, Юлдош Умматов 23-юми майи соли равон дар назди бинои 22-и кӯчаи Подолских Курсантови шаҳри Масква, тавассути силоҳи пневматикӣ кушта шуд. Гуфта мешавад, Умматов 39 сол дошта, сокини ноҳияи Ғончии вилояти Суғд будааст.