баргард чоп кардан

«Равшан»-и Кӯлоб боз як ҳарифи худро шикаст дод

Бозии даври ҳаштуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор гардид.

Се бозии аввали ин давр рӯзи 26-уми май сурат гирифт. Дар ин сабқат дастаи  «Ҳосилот» (Фархор) бо «Хуҷанд» (Хуҷанд) дар варзишгоҳи марказии Фархор вориди майдон шуда бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Қувваозмоии «Истаравшан» (Истаравшан)-у «Вахш» (Қӯрғонтеппа) дар варзишгоҳи «Родник»-и Спитамен баргузор гардида бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. «Истиқлол» (Душанбе) ва ССКА «Помир» (Душанбе) дар варзишгоҳи «Политехникум» бозӣ карданд, ҳисоб 4:1.
Рӯзи 27-уми май дастаи «Зарафшон» (Панҷакент) бо «Регар ТадАЗ» (Турсунзода) дар варзишгоҳи марказии Панҷакент бозӣ карданд ҳисоб 1:4. «Равшан» (Кӯлоб) «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)-ро дар варзишгоҳи марказии Кӯлоб бо ҳисоби 1:0 шикаст дод ва «Энергетик» (Душанбе) бар «Гвардия» (Душанбе) дар варзишгоҳи «Автомобилист» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа чунин аст:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

"Равшан"

8

7

0

1

15-5

21

2.

"Регар-ТадАЗ"

7

6

1

0

18-4

19

3.

"Истиқлол"

7

4

2

1

17-6

14

4.

"Вахш"

7

4

1

2

12-4

13

5.

"Энергетик"

8

3

4

1

15-10

13

6.

"Хайр”

7

3

2

2

13-12

11

7.

“Истаравшан”

7

3

2

2

12-12

11

8.

“Хуҷанд”

7

3

1

3

11-11

10

9.

ССКА “Помир”

7

2

2

3

9-13

8

10.

“Парвоз”

8

2

1

5

16-16

7

11.

“Зарафшон”

7

1

2

4

9-19

5

12.

"Ҳосилот”

8

1

0

7

6-19

3

13.

"Гвардия”

8

0

0

8

3-25

0